Ноябр 11, 2023 17:25 Asia/Dushanbe
  • Баррасии заминаҳои ҳамкории иқтисодии Эрону Тоҷикистон

Дар дидори Меҳдии Сафарӣ, муовини дипломасии иқтисодии вазорати умӯри хориҷаи Эрон, бо Саъдӣ Қодирзода, раиси кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон заминаҳои ҳамкории иқтисодӣ ва сармоягузории ширкатҳои эронӣ дар Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Меҳдии Сафарӣ бо ишора ба сафари ҷаноби оқои Раисӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Тоҷикистону дидор бо ҳамтои тоҷики худу таъкиди сарони ду кишвар бар тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба, заминаҳои мухталифи сармоягузории ширкатҳои эронӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла содироти мошинолот, интиқоли дониши фаннӣ ва фанновариҳои нано, зистӣ ва таҷҳизоти пизишкиро ташреҳ намуд. Эшон бар лузӯми ироаи мушаввиқҳо ва тасҳилоти кишвари сармояпазир ба ширкатҳои хориҷии сармоягузор таъкид намуд.

Саъдӣ Қодирзода низ дар ин дидор охирин қавонину муқаррароти ҷазби сармоягузории хориҷӣ дар ростои ҳимоят аз сармоягузорону тасҳили фаъолияти ҳузури ширкатҳои хориҷӣ дар бахшҳои мухталифи иқтисодии ин кишварро ташреҳ ва аз ҳузури ширкатҳои эронӣ барои сармоягузорӣ ва иҷрои пружаҳои зербиноӣ дар ҳавзаҳои мухталиф истиқбол намуд.

 

Барчасп