Расонаи Тоҷикистон: Сатҳи равобити ин кишвар ва Эрон ба марҳалаи ҷадиде расидааст
Хабаргузории Азия Плюси Тоҷикистон навишт: “сатҳи равобити ин кишвару Ҷумҳурии Исломии Эрон ба марҳалаи ҷиддӣ ва ҷадиде расидааст, ки бояд ба он таваҷҷуҳи хос шавад”.
Хабаргузории Азия Плюси Тоҷикистон имрӯз (шанбе) бо ишора ба сафари ахири Саидиброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ба он кишвар навишт: “коршиносон итминон доранд, ки бояд ба ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Эрон таваҷҷӯҳ ҷиддӣ шаваду дастрасии Эрон ба обҳои озод на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои соири кишварҳои Осиёи Марказӣ низ муҳим аст”.
Барасоси ин гузориш, бандари Чобаҳори Эрон метавонад ба муносибтарину роҳаттарин масир барои минтақаи Осиёи Марказӣ табдил шавад ва аз тарафе Тоҷикистон метавонад дарвозаи Эрон ба Осиё Марказӣ шавад ва ин фурсатро наметавон нодида гирифт.
Дар сафари чанд рӯз пеши Саидиброҳими Раисӣ ба Тоҷикистони илова бар тавофуқномаи лағви раводид 19 санад дар бахшҳои мухталиф, аз ҷумла иқтисодӣ байни мақомоти ин кишвар ва Эрон имзо шуд.