Ноябр 13, 2023 10:11 Asia/Dushanbe
  • Сомбокори тоҷик дар Арманистон медали биринҷи гирифт
    Сомбокори тоҷик дар Арманистон медали биринҷи гирифт

Дар мусобиқоти ҷаҳонии сомбо дар Арманистон, варзишкоре аз Тоҷикистони медали дигареро ба хазонаи тими миллӣ изофа кард

Ба гузориши Спутник, Бобохон Мирзозода медали бринҷии ин мусобиқотро касб кард. Вай дар вазни 58 килограм ба масофи ҳарифон рафт.

Ӯ дар муборизаи аввали 2 бар сифр ҷудукоре аз Қазоқистон ва дар муборизаи дувуми Даниел Аскови Қирғизистониро бо натиҷаи 2 бар сифр шикаст дод . Аммо дар марҳалаи нимаи ниҳои муқобили варзишкори муғулистонӣ бо натиҷаи 0 бар 9 шикаст хӯрд ва дар ниҳоят ба мақоми сеюм даст ёфт.

Мусобиқоти ҷаҳонӣ 10 то 12 ноябр дар Ереван ( Арманистон ) баргузор шуд. Дар ин рақобатҳо 9 самбокори Тоҷикистон ҳузур доштанд.

Бештар бихонед:

Барчасп