Тоҷикистон: Аз тариқи Чобаҳори Эрон ба уқёнус хоҳем расид
Вазорати роҳу нақлиёти Тоҷикистон дар гузорише ба шарҳи тавофуқ бо Эрон барои истифода аз бандари Чобаҳор бо ҳадафи дастрасӣ ба уқёнуси Ҳинд пардохт ва навишт: Эҷоди боркашонии ҷодаӣ аз масири «Тоҷикистон - Узбакистон - Туркманистон - Эрон» бо истифодаи муассир аз зарфиятҳои бандари Чобаҳор, фурсати ҳамкории иқтисодӣ байни Тоҷикистон ва Эронро бештар хоҳад кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, бинобар эъломи ин ниҳод, кумитаи роҳбарӣ барои дастёбӣ ба аҳдоф ташкил хоҳад шуд, ки муташаккил аз аъзои расмии дар дастрас буда ва масъулияти ҳамоҳангӣ ва контроли фаъолиятҳоро барои таъмин ва пуштибонии куллияи иқдомоти ниҳодӣ, инсонӣ, моддӣ ва фаннии манобеъ бар ӯҳда хоҳад дошт.
Дар баёнияи ин вазорати Тоҷикистон омадааст: Эҷоди боркашонии ҷодаӣ аз масири «Тоҷикистон - Узбакистон - Туркманистон - Эрон» бо истифодаи муассир аз зарфиятҳои бандари «Чобаҳор», осонсозии шароити вуруд ва транзити коло фурсати ҳамкории иқтисодӣ байни Тоҷикистон ва Эронро бештар хоҳад кард.