Шарҳи тавофуқи Теҳрон-Душанбе дар мавриди иттисоли Тоҷикистон ба уқёнус
(last modified Tue, 14 Nov 2023 12:13:16 GMT )
Ноябр 14, 2023 17:13 Asia/Dushanbe
  • Шарҳи тавофуқи Теҳрон-Душанбе дар мавриди иттисоли Тоҷикистон ба уқёнус
    Шарҳи тавофуқи Теҳрон-Душанбе дар мавриди иттисоли Тоҷикистон ба уқёнус

Тоҷикистон дар тавзеҳи тавофуқоти ахир бо Эрон аз иттисоли ин кишвар ба обҳои озоди ҷаҳон аз тариқи бандари Чобаҳор хабар дод.

Сайид Иброҳими Раисӣ раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон чаҳоршанбе 8 ноябр ба Тоҷикистон сафар кард дар ин сафар чандини тафоҳумнома аз ҷумла санади ҳамкорӣ дар бахши ҳамлунақл ба имзо расед.

Ба гузориши хабаргузории ИРНА, Вазорати ҳамлунақли Тоҷикистон имрузи сешанбе дар гузориши ҷузъиёти санади ҳамлунақл ва тронзити байналмилалии бор аз тариқи бандари Чобаҳори Эронро ки дар ҷараёни сафари  Сайид Иброҳими Раисӣ раиси Ҷумҳурии исломии Эрони байни Душанбе ва Теҳрон имзо шуд шарҳ дод.

Ин вазоратхона бо ишора ба дастрасии Тоҷикистон ба уқёнуси Ҳинд аз тариқи бандри Чобҳор таъкид кард эҷоди ҳамлунқли ҷодаи аз масир Тоҷикистон-Узбекистон-Туркманистон-Эрон бо истифодаи муассир аз зарфиятҳои бандари Чобаҳор фурсати ҳамкории иқтисодии байни Душанбе ва Теҳронро бештар хоҳад кард.

Вазоратхонаҳои Эрон ва Тоҷикистон бо имзои ин тафоҳумнома ба таъмини амният ва эминии мусофирон, васоили нақлия, анбори бор ва ҳифозат аз муҳити зист мунтабиқ бо стандартҳои байналмилалӣ низ мутаъаҳҳид шудаанд.

Чобаҳор бузургтарин бандари эронӣ дар ҷануби шарқи устони Систон ва Балучистон дар савоҳили халиҷ Уммон аст ва дастрасии мустақим ба уқёнуси Ҳинд яке аз муҳимтарин далоили аҳамияти ин бандар қаламдод мешавад.