Вуруди беш аз якмиллион хориҷӣ ба Тоҷикистон дар 9 моҳи аввали сол
Дар 9 моҳи соли ҷори 1 милиону 27 ҳазор сайёҳону меҳмонон ба Тоҷикистон ворид шудаанд.
Ба навиштаи сомонаи Ази Плюс, аз ин шумора 802,3 ҳазор нафарашон ба ҳайси сайёҳ ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 17 дарсад зиёд мебошад.
Ба навиштаи манбаъ, “Ҳамзамон, дар ин давра шумораи шаҳрвандони хориҷие, ки ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, бо назардошти ҳама намуди мақсадҳои сафар аз ҷумла хизматӣ, истироҳатӣ ва ғайра 1 милиону 27,6 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 156,9 ҳазор нафар ё 18 дарсад афзудааст”.
Бояд гуфт, ки дар 9 моҳи соли 2022 беш аз 870,7 ҳазор шаҳрвандони хориҷӣ ба Тоҷикистон омада буданд, ки аз ин теъдод 685,3 нафарашон чун сайёҳ ба қайд гирифта шуданд.
Теъдоди бештари шаҳрвандони хориҷие, ки ба Тоҷикистон ворид шудаанд, шаҳрвандони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлаптҳои Мустақил мебошанд.