Ибрози нигаронии мақомоти Хатлон аз афзоиши тасодуфоти ронандагӣ
Мақомоти Хатлон аз ҳамкории нокифояи раёсатҳои хадамоти давлатии назорат дар соҳаи нақлиёт ва дигар сохторҳои марбута изҳори нигаронӣ кардааст.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Спутник, яке аз сабабҳои асосии сар задани ҳодисаҳои нохуши нақлиётӣ пеш аз ҳама, ин аз ҷониби ронандагони воситаҳои нақлиёт ва пиёдагардон вайрон намудани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ мебошад гуфт дар як ҷаласа муовини раиси вилояти Хатлон Файзуллозода Заробиддин.
Вай гуфт, дар аксари ҳол сар задани ҳодисаҳои нақлиётӣ, ин ба талаботи бехатарии ҳаракат ҷавобгӯй набудани ҳолати роҳу кӯчаҳо, воситаҳои техникии танзими ҳаракат дар роҳ, ҳолати техникии воситаҳои нақлиёт, дониши номукамал, маҳорати пасти касбии ронандагон мебошад.
Вай ҳамчунин зикр кард, ки аз ҷониби Раёсатҳои Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлёти минтақаҳои Бохтару Кӯлоб корҳои муайяне ба анҷом расидааст, аммо то ҳанӯз тамбашавӣ дар атрофи бозорҳои марказии шаҳру ноҳияиҳои Бохтар, Кӯлоб, Норак, Шаҳритус, Қубодиён, Дӯстӣ, Панҷ, Восеъ, Вахш, А. Ҷомӣ, ва Данғара ҷой дорад.