Омодагии Тоҷикистон барои сармоягузорӣ дар бандари Чобаҳор
(last modified Tue, 21 Nov 2023 06:27:47 GMT )
Ноябр 21, 2023 11:27 Asia/Dushanbe
  • Омодагии Тоҷикистон барои сармоягузорӣ дар бандари Чобаҳор

Вазири роҳу нақлиёти ҷумҳурии Тоҷикистон дар дидор бо сафири Эрон дар ин кишвар омодагии кишвараш барои сармоягузорӣ дар бандари Чобаҳор ба манзури эҷоди таъсисоти лозим ҷиҳати транзити коло аз қаламрави Эронро эълом намуд.

Алиризо Ҳақиқиён, сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи душанбе 20 ноябр бо Азим Иброҳим, вазири нақлиёти ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот кард.

 Дар ин дидор ҳамкориҳои ду кишвар дар бахши ҳамлу нақл, транзит, судури хадамоти фаннӣ ва муҳандисӣ ва иҷрои аснод ва тавофуқоти анҷомшуда дар сафари ахири раиси ҷумҳури Эрон ба Тоҷикистон мавриди баррасӣ ва табодули назар қарор гирифт.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, вазири нақлиёти Тоҷикистон бо ишора ба тавонмандии ширкатҳои эронӣ дар ҳавзаи хадамоти фаннӣ ва муҳандисӣ ва ҳамчунин ҳамкории ду кишвар дар сохти обанбор ва неругоҳ ва сохти туннел, бар лузуми афзоиши ин ҳамкориҳо таъкид намуд.

 Вай иҷрои ёддошти тафоҳуми ҳамкории ҳамлу нақл ва транзити байн Эрон ва Тоҷикистон ҷиҳати дастрасии ин кишвар ба обҳои озод ва бозорҳои байналмилалӣ барои содироти маҳсулот ва таъмини ниёзҳои воридотиро муҳим донист ва омодагии кишвараш барои сармоягузорӣ дар бандари Чобаҳор ба манзури эҷоди таъсисоти лозим ҷиҳати транзити коло аз қаламрави Эронро эълом намуд.

 Ҳақиқиён бо ишора ба сиёсати давлати сездаҳуми Эрон дар бораи тавсеаи ҳамкорӣ бо ҳамсоягон ва тавофуқоти раисони ҷумҳур тайи ду соли ахир, имзои ёддоштҳои тафоҳуми ҳамкорӣ байни Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва Вазорати роҳу шаҳрсозии Эронро муҳим тавсиф намуд ва бар иҷроӣ шудани онҳо таъкид кард.

 Ҳақиқиён бо ишора ба раванди ҷории ҳамкориҳо дар заминаҳои мухталиф, лағви раводид барои шаҳрвандони ду кишварро муҳим донист ва аз барномаи густурдаи сафорати Эрон ба манзури густариши ҳамкориҳои байни ду кишвар хабар дод.