Ноябр 23, 2023 11:37 Asia/Dushanbe
  • Баррасии равобити дуҷониба дар дидори сафири Эрон бо як мақоми Тоҷикистон
    Баррасии равобити дуҷониба дар дидори сафири Эрон бо як мақоми Тоҷикистон

Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон имрӯз бо раиси Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ мулоқот кард

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Исно, дар ин дидор тарафайн бо ишора ба иштирокоти амиқи забонӣ.  фарҳангӣ, торихӣ ва тамаддунии байни ду миллат Эрон ва Тоҷикистон аз раванди рӯ ба густариши ҳамкориҳо дар бахшҳои гуногӯн дар партави иродаи сарони ду кишвар иброз ризоят карданд.

Алиризо Ҳақиқиён бо баёни ин,ки аъзои Анҷуманҳои дӯстӣ, афроди дилбаста ва  вобаста ба таъмиқ ва  таҳкими равобити ду кишвар ҳастанд, нақши онҳо дар кумак ба пешбурди муносиботи дӯстонаи Ҷумҳурии Исломии Эрон ва  Ҷумҳурии Тоҷикистонро муҳим тавсиф кард.

Дар ин мулоқот ки чанд тан аз аъзои Анҷумани дӯстии Тоҷикистон ва  Эрон ҳузур доштанд Саъдуллоҳ Хайруллоев  зимни ишора ба муносибатҳои наздики ду кишвар пас аз истиқлоли Тоҷикистон токунӯн, аз омодагии аъзои Анҷумани мазкӯр барои мусоидат ба густариш ҳарчӣ бештари равобит ва  ҳамкориҳои фимобайн хабар дод .

Барчасп