Ноябр 30, 2023 12:37 Asia/Dushanbe
  • Душанбе мизбонӣ давоздаҳумин нишасти камисиюни байни давлатии Тоҷикистон ва Туркманистон
    Душанбе мизбонӣ давоздаҳумин нишасти камисиюни байни давлатии Тоҷикистон ва Туркманистон

Давоздаҳумин нишасти камисиюни байни давлатии ҳамкориҳои тиҷорӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва фаннии Тоҷикистон ва Туркманистон аз имрӯз дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ҳайати Туркманистон ба сарпарастӣ  муовини нахусти вазири ин кишвар ба манзури ширкат дар давоздаҳумини нишасти ин камиссиюни вориди Душанбе шудааст.

Дар ҷараёни нишасте, ки имрӯзу фардо дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, ду тарафи масоили тавсеаи ҳамкориҳои дукишвар дар заминаҳои тиҷорӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва  фанниро баррасӣ мекунанд. Интизор меравад, ки дар чорчӯби сафари ҳайати туркман ба Душанбе ҳамчунин масоил зист муҳитӣ аз ҷумлаи наҷоти дарёчаи Арал мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирад.

Шоёни зикр аст, ки руасои ҷумҳӯри Тоҷикистон ва  Туркманистон дар чорчӯби панҷумин нишасти машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар сентябри имсол бар зарурати тавсеаи равобити тиҷорӣ ва  иқтисодӣ ва ҳамчунин ташдиди фаъолияти камиссиюни байни давлатии ду кишвар таъкид карда буданд. Илова бар ин Туркманистон дар маҷмаъи иқтисодӣ моҳи сентябр хостори тавсеаи муштараки зарфияти ҳамлу нақли минтақаи Осиё Марказӣ шуд.