Декабр 01, 2023 17:43 Asia/Dushanbe
  • Озори ҷинсӣ алайҳи кӯдакон
    Озори ҷинсӣ алайҳи кӯдакон

Порлумони Тоҷикистон бо тасвиби тағйироте дар қонуни ҷазоии кишвар, ҷазо барои озори ҷинсии кӯдаконро сахттар кард.

Оморҳо нишон медиҳад, ки дар Тоҷикистон мавориди таҷовузи ҷинсӣ ва ё аъмоли ношоиста ба нудрат фош мешавад ва бастагони қурбониён ағлаб авқот ҳақоиқро пинҳон мекунанд.

Бар асоси омори Вазорати дохилии Тоҷикистон, дар соли 2022 мелодӣ дар ин кишвар 49 маврид амали хушунатомези ҷинсӣ алайҳи кӯдакони зери синни қонунӣ ба сабт расидааст, ки як соли қабл ин шохис 57 мавридро дар бар мегирифт.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, порлумони Тоҷикистони тағйиротеро дар қонуни ҷазоӣ (моддаи 142 – аъмоли ношоиста) тасвиб кард, ки ҳадаф аз он сахттар кардани ҷазо барои аъмоли ношоиста алайҳи кӯдакон аст.

Тибқи ин гузориш, ба ин тартиб муҷозот барои озори ҷинсии кӯдакони зери 14 сол ҳабс аз 5 то 8 сол бо маҳрумияти модомулумр аз ҳаққи соҳиб шудани бархе мансабу фаъолиятҳои хос дар Тоҷикистонро пешбинӣ мекунад.

Дар қонуни Тоҷикистон илова бар ин модда, ҳамчунин се моддаи дигар низ вуҷуд дорад, ки масъулияти аъмоли ҷинсӣ алайҳи кӯдаконро пешбинӣ мекунанд.

озори ҷинсӣ алайҳи кудакон

 

Тибқи ин гузориш, дар моддаи 138 барои таҷовуз муҷозоти ҳабс аз 7 то 12 сол ва дар сурати такрор аз 12 то 25 сол аст. Тибқи моддаи 139 (иқдомоти хушунатомези ҷинсӣ) муҷозоти ҳабс аз 7 то 10 сол таъйин шудааст. Аъмоли ғайриқонунӣ алайҳи кӯдакон низ дар моддаи 141 (робитаи ҷинсӣ ва соири аъмоли ҷинсӣ бо афроди зери 16 сол) танзим шудаву муҷозот аз 2 то 10 соли ҳабсро пешбинӣ мекунад.

 

Барчасп