Январ 01, 2017 11:26 Asia/Dushanbe
  • Корхонаи дӯзандагии Фирташ дар Душанбе ба фурӯш гузошта шуд

Корхонаи дӯзандагии мавсум ба “Гулистон” дар маркази шаҳри Душанбе-пойтахти Тоҷикистон мутааллиқ ба Дмитрий Фирташ сармоядори украинӣ аз тариқи музояда ба фурӯш гузошта шавад.

Ба гузориши сойти Азия Плюс, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва мудирияти амволи Тоҷикистон, қимати оғозини ин корхонаро дар музояда, 32 миллион сомонӣ ( наздик ба 4 миллион доллар) унвон кардааст.

Бар асоси ин гузориш, Додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе дар баҳори соли 2014, дар пайи шикояти Оҷонси давлатии мубориза бо фасод ва ришвахории Тоҷикистон бинобар ғайри қонунӣ будани вогузории ин корхона ба бахши хусусӣ, 95 дарсад аз саҳомми молии мутааллиқ ба Фирташ сармоядори украиниро лағв кард. Гуфта мешавад, ки бақия 5 дарсади боқи монда аз саҳомми молии корхонаи дӯзандагии “Гулистон” мутааллиқ ба Хайруллоҳ Саидов, писари бурзги Зайд Саидов фаъоли бахши хусусӣ, зиндонӣ мебошад.

Ба иддаои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва мудирияти амволи Тоҷикистон Зайд Саидов дар солҳои 2000 то 2005, ки вазири саноати ин кишвар буд, иқдом ба вогузории ғайриқонунии ин корхона ба Фирташ сармоядори украинӣ кардааст.

Ҳамчунин бар асоси ҳукми Додгоҳи олии Тоҷикистон қаблан корхонаи тавлиди нуриҳои менералӣ  дар вилояти Хатлон, ки саҳомми молии он мутааллиқ ба Фирташ буд, мусодира ва ба як ширкати чинӣ вогузор гардида аст.