Декабр 04, 2023 14:16 Asia/Dushanbe
  • Роналдо ба Тоҷикистон намеравад
    Роналдо ба Тоҷикистон намеравад

Сармурабии партугалияии тими футболи Алнасри  Арабистон, Кристиано Роналдоро аз феҳристи Осиёии тимаш барои дидор бо Истиқлоли Тоҷикистон канор гузошт.

Ба гузориши хабаргузории Тансим, Луис Кастро,  сармурабии Алнаср номи Кристиано Роналдоро аз феҳристи тимаш барои бозии даври поёнии марҳалаи гуруҳии лиги қаҳрамонони Осиё баробари истиқлоли Тоҷикистон хат зад.

Султон Алғаном , Марсело  Брозович ، Алекс Теллес бразилияӣ  ва Алӣ Логомӣ низ аз ҷумлаи дигари ғоибони тими футболи Алнаср дар сафар ба Тоҷикистон ҳастанд.

Тими футболи Алнаср бо 13 имтиёз садрнишини ҷадвали рада бандии гурӯҳи E лиги қаҳрамонони  Осиё аст ва  суъӯдашро ба марҳалаи баъдии ин мусобиқот қатъӣ кард.

Пересполис ( 8 имтиёз ),  Алдеҳили Қатар ( 4 имтиёз ) ва Истиқлоли Тоҷикистон ( 2 имтиёз ) радаҳои дувум то чаҳоруми ҷадвалро дар ихтиёр доранд .

Бештар бихонед: