Декабр 08, 2023 21:02 Asia/Dushanbe
  • Ҳамкориҳои Ҷумҳурии исломии Эрон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон
    Ҳамкориҳои Ҷумҳурии исломии Эрон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мақомоти эрониву тоҷик дар шаҳри Душанбе дар хусуси тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷорӣ байни ду кишвар гуфтугӯ ва табодули назар карданд.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Довуди Манзур, муовини раиси Ҷумҳурии исломии Эрон ва раиси Созмони барномаву буҷаи Эрон, ки ба манзури ширкат дар нишасти Шӯрои ҳуккоми маркази муқобила бо офатҳои табиӣ ба Тоҷикистон сафар кардааст, бо Саъдӣ Қодирзода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва амволи давлатии Тоҷикистон дидор кард.

Тарафайн дар ин дидор дар хусуси тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷорӣ байни Ҷумҳурии исломии Эрон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфтугӯ ва табодули назар карданд.

Муовини раиси Ҷумҳурии исломии Эрон бо ишора ба тавонмандиҳои мавҷуд дар заминаи саноеи маъданӣ, энержӣ, кишти фаросарзаминӣ ва кишоварзӣ, гардишгарӣ ва вуҷуди ширкатҳои тавонманди эронӣ дар ҳавзаи донишбунён ва судури хадамоти фанниву муҳандисӣ, омодагии ширкатҳои эрониро ҷиҳати ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар бахшҳои мухталифи иқтисодӣ эълом кард.

Довуди Манзур бо ишора ба сиёсати ҳамсоягии давлати сездаҳуми Эрон ва ҳамчунин иштирокоти таърихиву тамаддунӣ байни Эрону Тоҷикистон, баргузории шонздаҳумин нишасти Комиссияи муштараки иқтисодӣ байни Ҷумҳурии исломии Эрон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ва низ барпоии намоишгоҳи ихтисосии Эрон дар ояндаи наздик дар шаҳри Душанберо фурсате барои афзоиши ҳамкории ду кишвар тавсиф кард.

Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон низ дар ин дидор бо ишора ба сиёсати давлат мабнӣ бар ҷазби сармоягузории хориҷӣ дар бахши энержӣ, саноеи маъданӣ, кишоварзӣ, гардишгарӣ, мошинсозӣ ва иҷрои пружаҳои зербиноӣ, хостори ҳамкории ширкатҳои эронӣ барои эҷоди марокизи тавлидии муштарак дар ин кишвар шуд.

 

Барчасп