Супоридани хона ба низомиён ва хонаводаҳои осебдида аз офатҳои табиӣ дар Бадахшон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i109806-Супоридани_хона_ба_низомиён_ва_хонаводаҳои_осебдида_аз_офатҳои_табиӣ_дар_Бадахшон
Мақомот дар минтақаи Бадахшон гуфтанд,ки ба кормандони давлат ва хизматчиёни низомӣ маскан додаанд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Декабр 09, 2023 12:02 Asia/Dushanbe
  • Супоридани хона ба низомиён ва хонаводаҳои осебдида аз офатҳои табиӣ дар Бадахшон

Мақомот дар минтақаи Бадахшон гуфтанд,ки ба кормандони давлат ва хизматчиёни низомӣ маскан додаанд.

Ба гузориши Спутник, маросими бошукӯҳи супурдани хона ба шаҳрвандони тоҷик барои хидмати омма ва низомӣ дар минтақаи Бадахшон баргузор шуд.

 Дар ин маросим Фирдавс Ҳайётзода муовини аввали дастгоҳи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шарифхон Сафарзода, муовини аввали раиси минтақа ҳузур доштанд.

 Фирдавс Ҳайётзода дар ин маросим супурдани хонаҳоро ба кормандони давлат табрик гуфт ва хотирнишон кард, ки ба лутфи истиқлол ва сиёсати мудирон , шароити зиндагӣ барои мардум дар оянда беҳбуд хоҳад ёфт.

 Ҳамзамон бо нируҳои низомӣ 12 хонаводаи осебдида дар Хоруғ, ки хонаҳояшон дар замистон ба таври комил тавассути тарма вайрон шуда буд, хонаҳои наву замонавӣ дарёфт карданд.

 

  бештар бихонед: