Барпои намоишгоҳҳои пахши маводи ғизоӣ дар шаҳри Душанбе
Намоишгоҳҳои пахши маводи ғизоӣ дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе ифтитоҳ хоҳад шуд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Спутник Абдусалом Нозимов коршиноси аршади идораи рушди иқтисодӣ ва тиҷорати шаҳри Душанбе гуфт: Рустами Эмомалӣ раиси шаҳри Душанбе ба мудирони бахшҳои мухталифи пойтахт дастур дод то бо ҳамкории сохторҳои зирабти кишвар иқдомоти лозимро барои баргузарии намоишгоҳҳо анҷом диҳанд.
Пойтахт нишинон метавонанд дар ин намоишгоҳҳо ки аз 21 то 31 декабр баргузор мешавад анвоъи маҳсулоти ғизоӣ аз ҷумлаи биринҷ, гушт, картошка, пиёз, равған ва дигар маводи ғизоӣ заруриро бо нархи нисбатани поин харидори кунанд.
Ин намоишгоҳҳо дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, ноҳияи Сино, ноҳияи Шоҳмансур ва ноҳияи Фирдавсӣ гушоиш меёбад.