Қазоқистон барои ҳамлу нақли рейлӣ ба Тоҷикистон тахфиф медиҳад
Ширкати "роҳи оҳани Қазоқистон" тахфифи 30 то 50 дарсадиро ба ширкатҳои ҳамлу нақли коло дар роҳи оҳани Тоҷикистон ироа медиҳад, ки ба афзоиши ҳаҷми бор кумак мекунад.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ин мавзӯъ дар дидори Азими Иброҳим, вазири роҳу нақлиёти Тоҷикистон бо Валихон Турахонов- сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар ин дидор тарафҳо дар хусуси густариши ҳамкориҳои ду кишвар дар заминаи ҳамлу нақл гуфтугӯ карданд.
Дар ҳоли ҳозир 5 масири байналмиллалии ҳамлу нақли мусофир бо Қазоқистон дар ҳоли анҷом аст.
Тайи 11 моҳи соли ҷорӣ теъдоди мусофирон байни Тоҷикистон ва Қазоқистон 5259 нафар будааст.
Сафири Қазоқистон низ дар ин дидор зимни ибрози хурсандӣ аз ҳамкории ду кишвар хотирнишон кард, ки ба густариши бештари ҳамкориҳои ду кишвар ба вежа дар заминаи ҳамлу нақл кумак хоҳад кард.
Соли гузашта ҳам ҳаҷми маҳмулаҳои рейлӣ байни кишварҳо беш аз 4 миллион тон ва дар нимаи аввали имсол 2.7 миллион тон будааст.
Бар асоси омор ҳаҷми кулли мубодилоти тиҷории дуҷониба миёни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар 10 моҳи соли ҷорӣ беш аз 937 миллион доллар буда, ки нисбат ба муддати ҳаммонанди соли 2022 ҳудудан 19.1 дарсад коҳиш доштааст.