Афзоиши ҳаҷми барқи тавлидӣ дар нерӯгоҳҳои Тоҷикистон
-
Афзоиши ҳаҷми барқи тавлидӣ дар нерӯгоҳҳои Тоҷикистон
Мудири нерӯгоҳи барқи обии Қайроққум гуфт : Бозсозии густардае ҷиҳати афзоиши ҳаҷми барқи тавлидӣ дар Нерӯгоҳи барқи обии Қайроққум дар ҳоли иҷро аст.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Спутник ; Файзуллоҳ Авазов, мудири Нерӯгоҳи барқи обӣ бо таъкид бар ин,ки ҳаҷми барқи тавлидӣ дар Нерӯгоҳи Қайроққум афзоиш ёфтааст, афзӯд : Воҳидҳои мухталифи ин нерӯгоҳ бо зарфияти ҷаддиди пас аз бозсозӣ ба баҳрабардорӣ мерасанд .
Авазов гуфт : " Дар ҳоли ҳозир ду воҳид аз ин нерӯгоҳи 58 мегаватт барқ тавлид мекунанд, ки баробар бо тавон се воҳид қаблӣ аст . "
Мудири Нерӯгоҳи барқи обии Қайроққум таъкид кард, ки таъмири воҳидҳои барқии шумораи 6 ва 5 ба поён расидааст. Акнӯн бозсозии дастгоҳи сеюм - шумораи 4 -ро оғоз хоҳанд кард .
Нерӯгоҳи барқи обии Қайроққум дар замони Шуравӣ сохта шуд ва аввалин турбини он бо зарфияти 21 мегаватт дар 15 декабри 1956 ба баҳрабардорӣ расид .
Ин нерӯгоҳ пас аз Норак, Роғун ва Сарбанд яке аз муҳимтарин манобеи тавлиди барқ дар Тоҷикистон аст. Нерӯгоҳи барқи обӣ дар савоҳили рӯдхонаи Сир ва дар қаламрави шаҳри Гулистон воқеъ шудааст .
Нерӯгоҳи барқи обии кҚайроққум аз 6 воҳиди неру ташкил шуда ва ба муддати 64 сол бо зарфияти 126 мегаватт фаъолият мекард .