Имзои ёддошти тафоҳум байни Тоҷикистон ва Барномаи Ҷаҳонии Ғизо
Тоҷикистон ва барномаи ҷаҳонии ғизои Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Душанбе ёддошти тафоҳум ба имзо расонданд.
Ба гузориши хабарнигори хабаргузории “Форс” дар Душанбе, Тоҷикистон ва Барномаи Ҷаҳонии Ғизои СММ ёддошти тафоҳум ба имзо расонданд.
Ин санад дар шаҳри Душанбе тавассути Сироҷиддини Муҳриддин, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон ва Адҳам Муслим, намояндаи Барномаи Ҷаҳонии Ғизои СММ ба имзо расид .
Санади мазкур муаййиди тааҳҳуди мутақобили тарафайн ба иҷрои барномаи роҳбурдии миллии Барномаи Ҷаҳонии Ғизои СММ барои солҳои 2023 – 2026 ва танзимкунандаи ҳамкории зинафъони марбута дар иҷрои барнома аст.
Тайи ин дидор ду тараф вазъияти кунунии ҳамкории байни Тоҷикистону Барномаи Ҷаҳонии Ғизоро арзёбӣ ва дар мавриди чашмандози он табодули назар карданд.