Пок шудани номи устоди бузурги шатранҷи Тоҷикистон аз радабандии ҷаҳонӣ
(last modified Sat, 16 Dec 2023 06:27:28 GMT )
Декабр 16, 2023 11:27 Asia/Dushanbe
  • Пок шудани номи устоди бузурги шатранҷи Тоҷикистон аз радабандии ҷаҳонӣ

Илҳом Юнусов-дабири Федератсияи шатранҷ Тоҷикистон гуфт: Агар шатранҷбозе барои муддати муайян дар мусобиқоти расмӣ бозӣ накунад , имтиёз ва ҷойгоҳ ӯ дар радабандии байналмиллалӣ пок мешавад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон , дабири Федератсияи шатранҷи Тоҷикистон гуфт: Ягона устоди бузурги Тоҷикистон, Фаррух Амонатов дигар дар радабандии Федератсияи ҷаҳонӣ нест.

 Вай афзуд, аммо то онҷо, ки ман медонам ӯ ҳанӯз даврони касбии худро ба поён нарасонда ва фақат муддати зиёде аст, ки дар мусобиқот ширкат накардааст.

  Юнусов гуфт: Амонатов бо шатранҷбозони зиёде аз кишварҳои мухталиф кор мекунад, онҳоро омӯзиш медиҳад ва таҷрибиёти худро мунтақил мекунад.

 Илова бар ин дабири Федератсияи шатранҷ Тоҷикистон афзуд: Муҳаммадҳусайн Хоҷаев, дигар шатранҷбози Тоҷикистон акнун ба таври ҷиддӣ дар талош барои касби унвони дувумин устоди бузург дар таърихи Тоҷикистон аст.

 Вай таъкид кард: Қарор аст Хоҷаев ва Алишер Каримов барои мусобиқоти Созмони ҳамкории Шанхай ба Чин сафар кунанд.

 Юнусов ҳамчунин афзуд, ки қабл аз поёни сол 2023, мусобиқоти ҷаҳонии Самарқанд баргузор хоҳад шуд ва намояндагони Тоҷикистон ҳам дар ин рӯйдод ҳузур хоҳанд дошт.