Тавофуқи вазорати кишоварзии Тоҷикистон ва Русия
Вазирони кишоварзии Тоҷикистону Русия тавофуқ карданд, ки ба манзури тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба, гулмоҳиро аз Тоҷикистон ба Русия ва тухмаи офтобгардон ва лаблабуи қанд аз Русия ба Тоҷикистон содир шавад.
Тавофуқи мазкур зимни мулоқоти Қурбон Ҳакимзода ва Дмитрий Патрушев, вазирони кишоварзии ду кишвар дар шаҳри Маскав, зимни ҷаласаи 19-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Русия ҳосил шудааст.
Бино ба навиштаи сомонаи Азия Плюс, Дар ин нишаст «Харитаи роҳ»-и тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба дар ҳавзаи кишоварзӣ барои солҳои 2024 - 2026 низ ба имзо расид.
Ба навиштаи манбаъ, “Дар доираи мулоқот тарафҳо масъалаҳои дуҷонибаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзиро баррасӣ намуда, барои тақвияти ҳамкорӣ доир ба масъалаи воридоти тухмии офтобпараст, тухмии лаблабуи қанд ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва содироти моҳии форел ба Федератсияи Русия изҳори омодагӣ намуданд”.
Ҳамчунин дар ин дидор тарафайн бар сари мавзӯи бозомӯзӣ ва иртиқои ҳирфаии коргарони кишоварзӣ бар пояи донишгоҳҳои кишоварзии ду кишвар ба тавофуқ расиданд.
Бар асоси омор, соли 2023 дар кишвар 4 ҳазору 538,8 тонна моҳӣ истеҳсол шудааст, ки 454,1 тоннаи он гулмоҳӣ мебошад.
Ба гуфтаи коршиносон, ниёзи бозори дохилӣ ба моҳӣ дар сол бар асоси стандарти давлатӣ беш аз 86 ҳазор тонна ва бар асоси стандарти ҷаҳонӣ 160 ҳазор тонна аст.