Нархи ангиштсанг дар вилояти Суғд ду баробар шудааст
Баста будани марз байни Тоҷикистон ва Қирғизистон ба афзоиши нархи ангиштсанг дар вилояти Суғд мунҷар шудааст.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон , дар ҳоли ҳозир ангиштсанги Қирғизистон аз тариқи Узбакистон вориди Тоҷикистон мешавад, ки ба маънои ҳароҷотҳои изофӣ ва бар ин асос нархҳои қиматтар аст. Сокинон умедворанд, ки марзҳо ба зудӣ боз шавад.
Дар ҳоли ҳозир 1 килограмм ангиштсанги қирғизӣ дар Суғд ба нархи 3.5-3.6 сомонӣ фурӯхта мешавад.Нархи хокаи ангиштсанг 1.4-1.6 сомонӣ аст.
Пеш аз баста шудани марз як килограмм ангиштсанг 1.5 сомонӣ ва хокаи он 70-80 дирам фурӯхта мешуд.
Абдулҳамид Сафаров, аз сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гуфт , нархи ангиштсанг бисёр зиёд аст ва ҳама наметавонанд онро ба миқдори кофӣ бихаранд.
Ӯ мегӯяд: «Шароити ҳар касе мутафовит аст, бархе аз мардум наметавонанд ангиштсанг бихаранд, аммо дар зимистон бидуни он наметавонанд кор кунанд
Фурӯшндагон ҳам далели афзоиши нархи ангиштсанг нисбат ба солҳои гузаштаро ба баста шудани марз байни Тоҷикистон ва Қирғизистон медонанд.
Ба гузориши идораи омори вилояти Суғд, то ноябри соли ҷорӣ 1 256 60 тон ангиштсанг дар шимоли Тоҷикистон тавлид шуда, ки нисбат ба соли гузашта 326 тон коҳиш доштааст.