Декабр 23, 2023 19:10 Asia/Dushanbe
  • Баргузории шонздаҳумин Комиссиони муштараки ҳамкориҳои Эрону Тоҷикистон

Шонздаҳумин иҷлоси Комиссиони муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷорӣ ва илмии Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ва низ намоишгоҳи «Эронсохт» дар Душанбе баргузор мешавад.

Ба гузориши ИРНА, шонздаҳумин иҷлоси Комиссиони муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷорӣ, фаннӣ ва саноатии Эрону Тоҷикистон ба раёсати Аликбари Меҳробиён, вазири неру аз 26 то 29 декабр дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон баргузор мешавад.

Ҳамчунин нахустин намоишгоҳи тахассусии «Эронсохт» дар ҳошияи ин иҷлос доир хоҳад шуд. Намоишгоҳи тахассусии «Эрон сохт» бо ҳадафи муаррифии тавонмандиҳои Ҷумҳурии исломии Эрон дар саноати поя бо ҳузури 30 ширкати бартари эронӣ низ ҳамзамон бо шонздаҳумин иҷлоси Комиссиони муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷорӣ, фаннӣ ва саноатии Эрону Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе барпо мешавад.

Ин рӯйдоди бузург, фурсати муносибе барои табодули иттилоот, барқарории иртибототи тиҷории ҷадид, афзоиши тавонмандии касбу кор ва ошноӣ бо охирин дастовардҳои ширкатҳои эронӣ хоҳад буд ва ба унвони пуле барои тавсеаи содироту табодули таҷориб бо кишвари мазкӯр аст.

Хадамоти фаннӣ- муҳандисӣ, энержӣ (об, барқ, нафту газ), оҳану фулод, маъдану саноати маъданӣ (шиносоӣ, иктишоф, истихроҷ), сохтумону муҳандисии ободанӣ, саноат, мошинолоти саноатӣ ва хутути тавлид, таҷҳизоти пизишкӣ, гардишгарии саломат, маводу маҳсӯлоти доруӣ ва селулозӣ, кишоварзӣ, домпарварӣ ва хадамоти вобаста ва ҳамчунин бозаргонӣ ва ҳамлу нақл, аз ҷумлаи гуруҳҳои колоии ҳозир дар аввалин намоишгоҳи тахассусии “Эронсохт” дар шаҳри Душанбе хоҳанд буд.

Дар ин давра аз намоишгоҳ ширкатҳои эронӣ охирин дастовардҳои худро дар заминаҳои муртабит бо об, барқ, энержӣ ва хадамоти фаннӣ - муҳандисӣ ба намоиш мегузоранд.

 

Барчасп