Декабр 26, 2023 15:26 Asia/Dushanbe
  • Оғози шонздаҳумин комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодии Эрон ва Тоҷикистон

Шонздаҳумин комиссияи муштараки ҳамкориҳоии иқтисодии Эрон ва Тоҷикистон бо ҳадафи тавсеа ва рафъи монеъаҳои равобити тиҷорӣ дар Тоҷикистон оғоз ба кор кард.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, шонздаҳумин иҷлоси комиссияи муштараки ҳамкориҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Тоҷикистон, аз имрӯз (сешанбе ) ва бо нишастҳои коршиноси ду кишвар дар шаҳри Душанбе- пойтахти Тоҷикистон бо ҳадафи густариш равобити иқтисодӣ ва рафъ монеъаҳои тиҷорати байн ду кишвар оғоз шуд.

 Тавофуқоти ин комиссия аз сӯи Алиакбари Меҳробиён, вазири неруи Эрон ба унвони раиси эронии комиссияи иқтисодии муштараки Эрон ва Тоҷикистон ва Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои обии Тоҷикистон, ба унвони раиси тоҷикистонии комиссия имзо хоҳад шуд.

 Дар солҳои ахир Эрон ва Тоҷикистон равобити дуҷониба худро тавсеа додаанд. Сафарҳои мутақобили раисони ҷумҳури ду кишвар нишондиҳандаи аҳамияти тавсеаи ин равобит барои ҳарду тараф аст.