Тоҷикистон дуюмин воридкунандаи гандум аз Қазоқистон
(last modified Wed, 27 Dec 2023 14:15:29 GMT )
Декабр 27, 2023 19:15 Asia/Dushanbe
  • Гандум дар байни колоҳои содиротии Қазоқистон ба Тоҷикистон рутбаи аввалро дорад
    Гандум дар байни колоҳои содиротии Қазоқистон ба Тоҷикистон рутбаи аввалро дорад

Тоҷикистон рутбаи дувуми воридкунандагони гандум аз Қазоқистонро ба худ ихтисос додааст.

Тоҷикистон аз назари воридоти гандум аз Қазоқистон дар ҷойгоҳи дувум қарор гирифтааст.

Дафтари омори миллии Қазоқистон бо эъломи ин матлаб гуфт, Тоҷикистон имсол ба мизони 404 ҳазор тон гандуми ин кишварро харидорӣ карда, ки 12 дарсад бештар аз соли гузашта аст.

Бар асоси ин гузориш, содироти гандум аз Қазоқистон 24 дарсад афзоиш доштааст. Дар моҳҳои январ – октябри имсол аз ин кишвар ба бозорҳои хориҷӣ 3. 8 миллион тон гандум ба арзиши 1 миллиард доллар содир шудааст.

Аз ин мизон 2. 726 миллион тони гандум (афзоиши 29 дарсадӣ) ба кишварҳои ИДМ содир шудааст.

Узбакистон бо воридоти 1 миллиону 976 ҳазор тон (афзоиши 40 дарсадӣ) дар мавқеияти аввал ва Туркманистон бо 230 ҳазор тон (афзоиши 19 дарсадӣ) дар мавқеияти сеюми ин феҳрист қарор гирифтанд.

Ба кишварҳои Озарбойҷон тайи ин муддат 104 ҳазор тон (коҳиши 14 дарсадӣ), Русия 9. 9 ҳазор тон (коҳиши 62 дарсадӣ), Қирғизистон як ҳазор тон (коҳиши 56 дарсадӣ) гандум содир шудааст.

Дар мавриди соири нуқоти ҷаҳон метавон гуфт, ки Афғонистон, Чин, Италия ва Туркия аз бузургтарин бозорҳо барои гандуми Қазоқистон тайи ин давра будаанд.

Шоёни зикр аст, гандум дар байни колоҳои содиротии Қазоқистон ба Тоҷикистон, рутбаи аввалро дорад. Тоҷикистон беш аз 90 дарсади ғаллотро аз Қазоқистон ворид мекунад. Ниёзи Тоҷикистон ба гандум беш аз 2 миллион тон аст, бинобарин ин кишвар бо дар назар гирифтани гандуми дохилӣ, тибқи пешбинии Вазорати тавсеаи иқтисодӣ, ниёз ба хариди он ба мизони як миллиону 200 ҳазор тон дорад.

Бар асоси омор, тайи 11 моҳи соли ҷорӣ Тоҷикистон ҳудуди 900 ҳазор тон гандум кишт ва 700 ҳазор тон гандум барои тавлиди орди дохилӣ ворид кардааст.