Азми Тоҷикистону Миср барои тақвияту густариши равобити дуҷониба
(last modified Wed, 27 Dec 2023 16:05:44 GMT )
Декабр 27, 2023 21:05 Asia/Dushanbe
  • Густариши ҳамкориҳои Тоҷикистону Миср
    Густариши ҳамкориҳои Тоҷикистону Миср

Дар дидори сафири Тоҷикистон дар Қоҳира бо раиси идораи кулли сармоягузорӣ ва манотиқи озоди Миср, бар омодагии ду тараф барои тақвияту густариши равобити дуҷониба таъкид шуд.

Зарробиддин Қосимӣ, сафири Тоҷикистон дар Қоҳира бо Ҳисом Ҳиба, раиси идораи кулли сармоягузорӣ ва манотиқи озоди Миср дидору гуфтугӯ кард.

Дар ин дидор тавсеаи равобити тиҷорӣ, иқтисодӣ, сармоягузорӣ байни ду кишвар, аз ҷумла ҳамоҳангии пешнависи асноде, ки дар дасти баррасии ду тараф қарор доранд ва ҳамчунин тадвину ироаи асноди ҷадиди ҳамкорӣ барои осонсозии равобити дуҷониба, мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.

Тайи ин дидор, ки дар фазое созанда баргузор шуд, ду тараф бар омодагии худ ҷиҳати тақвияту густариши равобити дуҷониба таъкид карданд.