Декабр 29, 2023 21:05 Asia/Dushanbe
  • Ҳамкории варзишӣ миёни Тоҷикистону Арабистон
    Ҳамкории варзишӣ миёни Тоҷикистону Арабистон

Дар нишасти мақомоти Тоҷикистону Арабистон тафоҳумномаи ҳамкорӣ дар заминаи варзиш байни ду кишвар тамдид ва бар густариши ҳамкорӣ дар ин замина таъкид шуд.

Ба гузориши хабарнигори хабаргузории “Форс”, Федератсияи Футболи Тоҷикистон ва Федератсияи Футболи Арабистони Саудӣ тафоҳумномаи ҳамкорӣ байни федератсияҳои миллии футболи ду кишварро тамдид карданд.

Ин санад тавассути Хуршед Мирзо, муовини аввали Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Ломиён Баҳоён, муовини Федератсияи футболи Арабистони Саудӣ имзо шуд.

Дар чорчӯби имзои ин санад муовини Федератсияи футболи Арабистони Саудӣ дар мавриди ҳамкории босамар дар ҳавзаи варзиш бо тарафи Тоҷикистон ибрози умедворӣ кард.

Вай дар идома ҳамчунин барои тими миллии футболи Тоҷикистон дар финали Ҷоми миллатҳои Осиё - 2023 дар Қатар орзӯи муваффақият кард.

Муовини аввали Федератсияи футболи Тоҷикистон ба навбати худ аз истиқболи гарми тарафи саудӣ ташаккур ва дар мавриди ҳамкории муассири ду кишвар дар арсаи варзиш ибрози умедворӣ кард.

Ду тараф ҳамчунин қасд доранд дар заминаҳои бозорёбӣ, пизишкӣ, доварӣ, омӯзиши мураббигарӣ, футболи бонувон ва соири ҳавза ҳамкорӣ кунанд.

Шоён зикр аст, ки тими миллии Тоҷикистон омодагии худ барои ҳузур дар финали Ҷоми миллатҳои Осиё – 2023 -ро оғоз кардааст.

Марҳалаи поёнии ин мусобиқот 12 январи соли ҷории мелодӣ оғоз шуд ва то 10 феврали соли 2024 идома меёбад.

 

Барчасп