Афзоиши ҳаҷми мубодилот бо Тоҷикистон дар дастури кори давлати Эрон аст
Вазири неруи Ҷумҳурии Исломии Эрон бо ишора ба инки аз панҷ ширкати эронии фаъол дар неругоҳи Роғуни Тоҷикистон ҳимоят мекунем,гуфт: давлати мо дар талош аст, то ҳаҷми мубодилот бо кишварҳои дӯсте ҳамонанди Тоҷикистонро афзоиш диҳад.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Форс, дар ҷараёни боздид аз неругоҳи Роғуни Тоҷикистон, ки бахшҳое аз ин проекти бузург ба дасти паймонкорон эронӣ дар ҳол сохт ва тавсеа аст, гуфт: Неругоҳи Роғуни Тоҷикистон баландтарин садди ҷаҳон бо гунҷоиши 14 миллиард метр мукааб захираи об аст, ки шаш воҳиди ниругоҳӣ ҳар кадом ба зарфияти 600 мегаватт дорад.
Вай афзуд: То кунун ду воҳиди ин неругоҳ ба баҳрабардорӣ расида ва қарор аст маҷмӯан 3600 мегаватт тавлиди барқ дошта бошад.
Меҳробиён бо ишора ба инки дар иҷрои ин сад паймонкорони эронӣ нақши фаъоли доштаанд, афзуд: Бо таваҷҷуҳ ба идомаи сохт ва такмили ин проект ҳамчунон аз хадамоти ширкатҳои фаннӣ- муҳандисии эронӣ истифода мешавад.
Вай ҳадаф аз ин боздидро баррасии вазъияти ширкатҳои фаъоли эронӣ дар ин проекти бузург ва байналмиллалӣ унвон ва таъкид кард: Афзоиши ҳаҷми мубодилот бо кишварҳои минтақа яке аз аҳдофи аслии давлат аст, ки барои таҳаққуқ он лозим аст аз ширкатҳои эронии бахши хусусе, ки дар кишварҳои минтақа қарор доранд, ҳимоят шавад.