Ваъдаи Тоҷикистон барои табдилшудан ба кишвари комилан сабз то соли 2037
(last modified Sun, 31 Dec 2023 05:20:08 GMT )
Декабр 31, 2023 10:20 Asia/Dushanbe
  • Ваъдаи Тоҷикистон барои табдилшудан ба кишвари комилан сабз то соли 2037
    Ваъдаи Тоҷикистон барои табдилшудан ба кишвари комилан сабз то соли 2037

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар паёми солонаи худ хитоб ба ҷомеъаи ҷаҳонӣ эълом кард: Ин ҷумҳури ки ҳамакнун дар рутбаи шашуми ҷаҳонии истифода аз энергетикаҳои таҷдидпазир қарор дорад то соли 2037 ба як кишвари комилан сабз табдил хоҳад шуд.

Ба гузориши ИРНА, Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии солонаи худ дар маҷлиси ин кишвар гуфт: Ин ҷумҳури дар ҳоли ҳозир аз назари шохиси энергетикаи сабз дар рутбаи шашуми ҷаҳон қарор дорад ва дар ҳоли ҳозири 98 дарсади барқи кишвар аз манобеи таҷдидпазир тавлид мешавад.

Бар асоси гузориши созмони омори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳҳои январ то ноябр 11 моҳи соли ҷорӣ ҳудӯди 19.9 миллиард киловатт соъат барқ дар ҷумҳури тавлид шуд ки беш аз 95.1 дарсади он тавлиди манобеи энергетикаи таҷдид пазир будааст.

Бар асоси ин гузориш тавлиди барқ дар ин кишвар нисбат ба муддати мушобеҳ дар соли 2022 муодили 3.4 дарсад афзоиш доштааст.

Эмомалӣ Раҳмон бо интиқод аз кошти дарахтони намоиши ба сохторҳои марбута дастур дод то барномаи сабзсозии шаҳрҳоро то соли 2040 тадвин кунанд.

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон кард: Ҳар сол дарахтон кошта мешавад ки хушк мешавад ҳар ниҳол ҳазина дорад қавонини дарахткори риоят намешавад ва ҳеҷ мутахассисӣ вуҷуд надорад мақомот дар телевизион нишон дода мешаванд ки чигуна дар канори ҷодаҳо дарахт мекоранд. Ин ҳама барои намоишаст шумо бояд баррасӣ кунед ки кадоми гунаи дарахт дар куҷо кошта шавад.

Image Caption

Наздиктарин рақиби Тоҷикистон дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ дар тавлиди энергетикаи сабз Қирғизистон аст ки 93.48 дарсади неруии барқи мавриди ниёзи худро аз манобеи таҷдидпазир истеҳсол мекунад.

Русия, Узбекистон ва Қазоқистон ба тартиб танҳо 15.6, 21.35 ва 8.38 дарсад аз энергетикаи барқи худро аз манобеи сабз таҳия мекунанд.