Паёми таслияти раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон
(last modified Thu, 04 Jan 2024 06:55:21 GMT )
Январ 04, 2024 11:55 Asia/Dushanbe
  • Паёми таслияти раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон
    Паёми таслияти раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон

Эмомалӣ Раҳмон раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Сайид Иброҳими Раисӣ раиси Ҷумҳурии Исломии Эрони паёми таслият ирсол кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Ховар, Эмомалӣ Раҳмон раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Сайид Иброҳими Раисӣ раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон паёми таслият ирсол карданд матни паёми таслияти ба ин шарҳаст: Ҷаноби Олӣ

Дар иртибот ба оқибатҳои фоҷеабори ҳамлаи террористӣ дар Кирмон, ки боиси ба ҳалокат расидан ва ҷароҳат бардоштани шумораи зиёди одамон гардид, ҳамдардӣ ва таслияти амиқи ин ҷонибро ба Шумо, мардуми дусту бародари Эрон, пайвандону наздикони ҷонбохтагон иброз менамоям.

 

Аз Худованди мутаол барои фавтидагон раҳмату мағфират ва барои ҳамаи осебдидагон шифои оҷилу комил мехоҳам.

Ҷумҳурии Тоҷикистон чун ҳамеша терроризмро дар ҳама гуна зуҳуроташ шадидан маҳкум намуда, зарурати муборизаи беамонро бар зидди он мудом таъкид менамояд.