Баррасии севумин конфронси байналмиллалӣ бо мавзӯъи об дар Тоҷикистон
Аввалин иҷлоси кумитаи созмондеҳии конфронси байналмиллалӣ бо мавзӯъи «Об барои тавсеаи пойдор 2018-2028» ба раёсати нахуствазири ин кишвар дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Форс, дар аввалин иҷлоси кумитаи созмондеҳии конфронси байналмиллалӣ бо мавзӯъи «Об барои тавсеаи пойдор 2018-2028» ба раёсати Қоҳир Расулзода аъзои кумитаи созмондеҳӣ ва масъулони вазоратхонаҳо ва идораҳои дахлдори Тоҷикистон ширкат карданд. Гузоришҳоеро аз пешрафти корҳои омодасозӣ ва ташкилоти марбут ба баргузории ин рӯйдод дар сатҳи болои байналмилале, ки дар чорчуби ибтикороти ҷаҳонии Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар мавзӯъи об ва иқлим баргузор хоҳад шуд, ироа карданд.
Тайи ин ҷаласа таъкид шуд, ки севумин конфронси байналмиллалии сатҳи болои даҳаи байналмиллалии иқдоми «Об барои тавсеаи пойдор 2018-2028» дар июни имсол ва бо мушорикати сарон ва нахуствазирон теъдоде аз кишварҳо, созмонҳои минтақаӣ ва байналмиллалӣ баргузор мешавад.
Бар асоси барнома дар ин чорчуб гуфтугӯҳои муштарак, ҳамоишҳо ва ҷаласоти ҷудогона дар заминаҳои об ва иқлим барномарезӣ шудааст.
Нахуствазири Тоҷикистон дар ин иҷлос ба аъзои кумитаи созмондеҳӣ ва русои вазоратхонаҳо ва идороти кишвараш дастур дод, то дар сатҳи олӣ омода шаванд ва корро барои созмондеҳӣ ва баргузории маросимҳои марбут ба ин рӯйдоди сатҳи боло густариш диҳанд.