Имзои чанд санади ҳамкории ҷадид дар ҷараёни сафари Рустами Эмомалӣ ба Теҳрон
Дар ҷараёни сафари раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Исломии Эрон чанд санади ҷадид имзо шуд.
Рӯзҳои 8 ва 9 январи соли ҷорӣ, Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе бо сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Исломии Эрон қарор дошт.
Дар ин сафари расмӣ дидору музокирот дар сутӯҳи олӣ, аз ҷумла дидори Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе бо ҷаноби оқои Саидиброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон, Муҳаммадбоқири Қолибоф, раиси Шӯрои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Алиризои Зоконӣ, шаҳрдори Теҳрон баргузор шуд.
Дар чорчӯби сафари расмии раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Исломии Эрон, асноди ҷадиди ҳамкорӣ ба шарҳи зер ба имзо расид:
– Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси Шӯрои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон.
– Тафоҳумнома байни шаҳрдории Душанбе ва муовинати илмӣ, фанноварӣ ва иқтисодии донишбунёни раёсати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар заминаи ҳамкориҳои илмӣ ва фанноварӣ.
– Барномаи ҳамкорӣ байни шаҳрдории Душанбе ва шаҳрдории Теҳрон дар заминаҳои иқтисодӣ, тиҷорӣ ва башардӯстона.
Ҳамчунин дар ҳошияи сафари раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ростои таҳкими равобити дуҷониба байни намояндагони бахши хусӯсӣ, чанд рӯйдоди муфид ва гуфтугӯҳо баргузор шуд, ки тайи он чанд қарордоди ҳамкорӣ ва қарордод байни тоҷирони Эрон ва Тоҷикистон ба имзо расид.
Асноди имзо шуда ба манзури густариши ҳамкориҳо дар заминаҳои фароварӣ ва тавлиди маҳсӯлоти шимиёӣ, мансуҷот, тавлиди маҳсӯлоти сохтумонӣ, доруӣ ва ғайра бо таваҷҷӯҳ ба ниёзҳои бозори минтақаӣ, ҷаҳонӣ ва бо истифода аз фурсатҳои дохилии Тоҷикистон, дар ҳамбастагӣ бо шуракои Ҷумҳурии Исломии Эрон иҷро мешавад. Дар маҷмӯ бо иҷрои ин асноди муҳими ҳамкорӣ, беш аз 1.3 миллиард сомонӣ ба иқтисоди ҷумҳурӣ ҷазб мешавад.