Нопадид шудани як муҳоҷири тоҷикистонӣ дар Русия
Мақомоти полиси вилояти Перм дар Русия аз нопадид шудани як коргари муҳоҷири тоҷик дар ин минтақа хабар дода ва кӯмаки шаҳрвандон барои ёфтани вайро хостор шудаанд.
Ба гузориши сайти “Ахбор”, Умедҷон Ҳоҷиев, шаҳрванди Тоҷикистон, ки ба ҳамроҳи хонаводааш дар ноҳияи Добрянскии вилояти Перм иқомат дошта, рӯзи 29 –уми декабри соли гузаштаи 2016 барои варзиши субҳгоҳӣ аз хона берун рафтаву дигар бознагаштааст.
Дар ин иттилоия таъкид шудааст, ки Умедҷон Ҳоҷиев аз коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ буда, ки бо волидайну зану фарзандаш дар ин ноҳия сукунат доштааст ва аз панҷ рӯзи пеш то кунун аз сарнавишти вай хабаре дар даст нест.
Полиси вилояти Перм бо эъломи нишонаҳое аз ин шаҳрванди тоҷикистонӣ ва интишори акси вай аз мардум дархост кардааст, ки барои ёфтани Умедҷон Ҳоҷиев ҳамкорӣ кунанд.
Бар асоси гузориши Хадамоти муҳоҷирати вобаста ба Вазорати умури дохилаи Русия, дар соли гузаштаи 2016 ҳудуди як миллион муҳоҷири кории тоҷикистонӣ дар Русия ба кор машғул будаанд.