Имзои ёддошти тафоҳум барои роҳандозии Маркази навоварии Эрон ва Тоҷикистон
Маркази навоварии Эрону Тоҷикистон бо имзои ёддошти тафоҳуми ҳамкории илмӣ ва фанноварӣ байни муовинати илмӣ, фанноварӣ ва иқтисоди донишбунёни раёсатҷумҳурии Эрон ва шаҳрдории шаҳри Душанбе роҳандозӣ мешавад.
Дар солҳои ахир Эрону Тоҷикистон равобити дуҷонибаи худро тавсеа додаанд. Сафарҳои мутақобили раисони ҷумҳурии ду кишвар нишондиҳандаи аҳаммияти тавсеаи ин равобит барои ҳарду тараф аст.
Ба гузориши ИРНА, ёддошти тафоҳуми ҳамкории илмӣ ва фанноварии муовинати илмӣ, фанноварӣ ва иқтисоди донишбунёни раёсатҷумҳурии Эрону шаҳрдории Душанбе дирӯз сешанбе бо ҳадафи роҳандозии «Маркази навоварии Эрону Тоҷикистон» ва тавсеаи ҳамкориҳои фанноварона имзо шуд.
Ин тавофуқномаи ҳамкорӣ дар ҷараёни боздиди Рустами Эмомалӣ аз Хонаи навоварӣ ва фанноварии Эрон бо таваҷҷуҳ ба ибрози алоқаи тарафайн ба тақвияти равобити илмӣ, фановарона ва рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ байни ду кишвар ба имзои Руҳуллоҳи Деҳқонӣ, муовини илмӣ, фанноварӣ ва иқтисоди донишбунёни раисиҷумҳур ва раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон ва шаҳрдори шаҳри Душанбе расид.
Бар асос эъломи муовинати илмӣ, фанноварӣ ва иқтисоди донишбунёни раёсатҷумҳурии Эрон, Кумитаи кори муштарак бо ҳадафи пешбурди беҳтари меҳварҳои мавриди таъкид дар ин тавофуқнома, ташкил ва тарафайн дар қолаби Кумитаи кории муштарак дар заминаи барномарезӣ, ҳамоҳангӣ, назорат ва арзёбии раванди иҷрои фаъолиятҳои муштарак мутобиқ бо ин ёддошти тафоҳум иқдом мекунанд.
Дар ҳамин ҳол Рӯҳуллоҳи Деҳқонӣ дар ҷараёни боздиди раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Хонаи навоварӣ ва фанноварии Эрон гуфт, бо таваҷҷуҳ ба расидани ҳаҷми табодулоти ду кишвар ба 500 миллиондоллар, ин адад метавонад дастикам 10 баробар афзоиш ёбад.
Ҳаҷми сармоягузории мустақими Эрон дар иқтисоди Тоҷикистон дар соли 2021 наздик ба 33 миллиондоллар буд, ки наздик ба 10 дарсад аз кулли вурудии ин сармоягузориҳои хориҷиро ташкил медиҳад.