13 зина боло рафтани Точикистон аз ҷиҳати қувва ва иқтидори низомӣ
(last modified Sat, 13 Jan 2024 12:09:27 GMT )
Январ 13, 2024 17:09 Asia/Dushanbe
  • 13 зина боло рафтани Точикистон аз ҷиҳати қувва ва иқтидори низомӣ

Бар асоси гузориши ҷадиди «Global Firepower», Тоҷикистон дар миёни 145 кишвари ҷаҳон аз назари қудрат ва тавони низомӣ бо шохиси 2.1265 дар рутбаи 107 қарор гирифтааст.

Ба гузориши хабаргузроии Форс, Тоҷикистон дар миёни 145 кишвари мухталифи ҷаҳон аз назари қудрат ва тавони низомӣ бо шохиси 2 . 1265 дар рутбаи 107 қарор гирифтааст.

Ин дар ҳоле аст, ки соли гузашта Тоҷикистон дар ин радабандӣ бо шохиси 2.6403 дар мавқеъияти 120 қарор гирифта буд.

Лозим ба ёдоварист, ки ҳарчӣ шохис камтар бошад, қудрат ва тавони низомии кишвар бештар аст.

Дар ин гузориш хотирнишон шуда, ки теъдоди таҷҳизоти заминӣ дар Тоҷикистон афзоиш ёфта, аммо теъдоди низомиёни Тоҷикистон ҳамонанди соли гузаштаи милодӣ, 9 ҳазору 500 нафар ҳастанд.

Мутахассисон ин рутбабандӣ 60 омили мухталиф, аз ҷумла сатҳи ҳазинаҳои дифоӣ, муҳимоту таҷҳизоти низомӣ, теъдоди сарбозон, теъдоди танкҳо, ҳавопаймоҳо ва соири таҷҳизоти низомӣ, дастрасӣ ба манобеъ, нафт, ангиштсанг, ки бар тавони размии артиш таъсир мегузорандро арзёбӣ карданд.

Гуфтанист, ки бо вуҷуди 13 рутба зина боло рафтани Тоҷикистон аз назари қудрат ва тавони низомӣ дар байни кишварҳои ИДМ, танҳо Молдова дар рутбаи поинтар аз Тоҷикистон қарор дорад.

Соири кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Қазоқистон бо 110 ҳазор низомӣ дар мавқеъияти 58 , Узбекистон бо 48 ҳазор низомӣ дар рутбаи 65 , Туркманистон бо 36.5 ҳазор низомӣ дар ҷойгоҳи 83 ва Қирғизистон бо 23 ҳазор низомӣ дар мавқеъияти 100 ин радабандӣ қарор гирифтаанд.