Январ 15, 2024 11:19 Asia/Dushanbe
  • Ҷоми миллатҳои Осиё/ Тоҷикистон ба масофи Қатар меравад
    Ҷоми миллатҳои Осиё/ Тоҷикистон ба масофи Қатар меравад

Тими миллии футболи Тоҷикистон рӯзи 17 январ дар даври дуввуми марҳалаи гурӯҳи ба масофи мизбони Ҷоми миллатҳои Осиёи 2023 – тими миллии Қатар - меравад .

Тими миллии футболи Тоҷикистон дар аввалин дидори марҳалаи ниҳои Ҷоми миллатҳои Осиёи 2023 ки дар Қатар идома дорад ، ба тасови муқобили тими миллии Чин даст ёфт.

Тими миллии Қатар дар даври нахуст бо натиҷаи 3 бар сифр тими миллии Лубнонро шикаст дод . Тимҳои миллии Чин ва Тоҷикистон 1 имтиёз доранд .

Тими миллии Лубнон бидӯни ҳеҷ имтиёзе дар радаи охир қарор дорад .Тими миллии Тоҷикистон дар даври сеюми марҳалаи гурӯҳии ин рақобатҳо 22 январ ба масофи тими миллии Лубнон хоҳад рафт.

Аз ҳар гурӯҳи ду тим ва ҳамчунин чаҳор тими бартар аз мақомҳои сеюм ба марҳалаи як ҳаштуми ниҳоии Ҷоми миллатҳои Осиёи 2023 роҳ хоҳанд ёфт.