Январ 16, 2024 12:05 Asia/Dushanbe
  •  Барқарории парвозҳои мустақим аз Хуҷанди Тоҷикистон ба Дубай, Ҷадда ва Истамбул

Ширкати Сомон-Эйри Тоҷикистон аз маркази вилояти Суғди ин кишвар дар масирҳои Дубай, Ҷадда ва Истамбул парвозҳои мустақими байналмилалӣ роҳандозӣ мекунад.

Бар асоси ин гузориш, парвозҳо аз Хуҷанд дар масири Ҷадда аз 6 феврали имсол роҳандозӣ ва ҳафтае як бор, рӯзи сешанбе анҷом мешавад.

  7 марти имсол аввалин парвоз дар масири «Хуҷанд – Истамбул – Хуҷанд» анҷом мешавад ва парвозҳо дар ин масир рӯзҳои панҷшанбе сурат мегирад.

 Ҳамчунин эълом шуда, ки аз 22 январ ширкати Сомон-Эйр дар масири Алмаато (ҳафтае 3 бор – рӯзҳои душанбе, чаҳоршанбе ва шанбе) парвоз мекунад.

 Аз 24 январ ин ширкат парвози дигареро аз Душанбе ба Тошкандро роҳандозӣ мекунад. Бинобарин, парвозҳои Тошканд аз ин пас дар рӯзҳои душанбе, чаҳоршанбе ва ҷумъа анҷом мешавад. Тамоми парвозҳо бо ҳавопаймоҳои Боинг 737-800 ва Боинг 737-800 анҷом хоҳад шуд.

 Лозим ба зикр аст, ки дар ҳоли ҳозир ширкати Сомон-Айри Тоҷикистон дар масирҳои Олмон, Амороти муттаҳидаи арабӣ, Туркия, Чин, Ҳинд, Арабистони саудӣ, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Русия, Қазоқистон ва Узбакистон парвоз анҷом медиҳад.

 

Барчасп