Январ 17, 2024 10:24 Asia/Dushanbe
  • Ин дидор аз соати 19: 30 ба вақти Душанбе оғоз мешавад
    Ин дидор аз соати 19: 30 ба вақти Душанбе оғоз мешавад

Дар даври дувуми рақобатҳои гуруҳии Ҷоми миллатҳои Осиё - 2023 тими миллии Тоҷикистон бо либоси сафед ба масофи тими Қатар меравад.

Ба гузориши “Спутник”, Питер Сегрт, сармураббии тими Тоҷикистон гуфт, дар дидор бо тими Қатар дар талош барои касби имтиёз ҳастем.

Сармураббии тими миллии Тоҷикистон гуфт, бозии бисёр сахте бо қаҳрамони феълии Осиё - тими миллии Қатар дар пеш дорем.

Вай афзуд, тими миллии Қатар аз тими миллии Чин қудратмандтар аст ва тими миллии Тоҷикистон ба ҳарифони худ эҳтиром мегузорад.

Ӯ афзуд: Мо мехоҳем натиҷаи мусбат ва се имтиёз ё як имтиёз бигирем.

Дидори тимҳои миллии Тоҷикистону Қатар имрӯз - 17 январ дар варзишгоҳи “Албайт”-и Давҳа баргузор мешавад.

Ин дидор аз соати 17: 30 ба вақти маҳаллӣ ва аз соати 19: 30 ба вақти Душанбе оғоз мешавад.

 

Бештар бихонед:

Ҷоми миллатҳои Осиё/ Тоҷикистон ба масофи Қатар меравад

 

Барчасп