Таъкиди дабири кулли СҲШ бар нақши Тоҷикистон дар тарвиҷи ҳамкориҳои созмонӣ
(last modified Sat, 20 Jan 2024 14:38:30 GMT )
Январ 20, 2024 19:38 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди дабири кулли СҲШ бар нақши Тоҷикистон дар тарвиҷи ҳамкориҳои созмонӣ

Дабири кулли Созмони Ҳамкории Шанхай(СҲШ) нисбат ба афзоиши мушорикати Тоҷикистон дар иртиқои ҳамкорӣ дар чорчӯби ин созмон ибрози умедворӣ кард.

Ба гузориши Форс, Чжан Мин дар паёми видеоии худ ба ширкаткунандагони мизигирди «густариши гуфтугӯи фарҳангӣ, таъмиқи ҳамкорӣ ва дӯстӣ дар хонаводаи Шанхай», ки дар шаҳри Душанбе баргузор шуд дар ин маврид изҳори назар кард.

Вай тасреҳ кард, умедворам тарафи Тоҷикистон ба ҳимоят аз фаъолиятҳои Созмони Ҳамкории Шанхай идома диҳад ва дар иртиқои ҳамкориҳои ин созмон дар заминаҳои мухталифу тавсеаи он кумаки фазояндае дошта бошад.

Минг, Маркази дӯстӣ ва ҳамкории Шанхай дар Тоҷикистонро ҳалқаи муҳимме дар эҷоди шабакаи дӯстӣ ва табодули мардумӣ дар фазои ин созмон унвон кард ва гуфт, аз замони таъсис ин марказ қудрати муҳиммеро барои табодулоти башардӯстона Созмони Ҳамкории Шанхай ба армағон оварда ва мавриди қадрдонии болое аз сӯи ҳамаи тарафҳо қарор гирифтааст.

Ин мизигирд, ки ба натоиҷи фаъолияти марказ дар соли 2023 ихтисос ёфт, тавассути вазорати умӯри хориҷа ва Академияи мудирияти давлатии вобаста ба раёсатҷумҳурии Тоҷикистон созмондиҳӣ шуд.

Дар ин мизигирд ҳамчунин вазири фарҳанг, муовини вазири хориҷа, раиси Маркази дӯстӣ ва ҳамкории Шанхай дар Тоҷикистон, намояндагони кишварҳои узви Шанхай, кишварҳои нозир ва шарики гуфтугӯ ширкат карданд.