Январ 23, 2024 13:55 Asia/Dushanbe
  • Тъмини 420 автобуси барқӣ барои нақлиёти шаҳрии  Душанбе

Танҳо дар шаш моҳи соли гузашта соҳаи нақлиёти шаҳри Душанбе 420 автобуси барқиро аз ширкати дохилӣ таъмин кардааст.

Дар оянда тамоми васоити нақлиёти умумӣ бо автобусҳои барқӣ ҷойгузин хоҳанд шуд.

 Гуфта мешавад автобусҳои барқӣ 12 метр тӯл доранд ва 100 мусофирро дар худ ҷой медиҳанд. Барои 32 мусофир курсӣ дар назар гирифта шудааст.

 Автобусҳо муҷаҳҳаз ба таҷҳизоти гармоишӣ ва сармоишӣ, дорои 6 дурбини назоратӣ ва 2 сафҳаи намоиши иттилоот ҳастанд.

 Дар баҳори соли 2023 мақомот Тоҷикистон дар мавриди густариши истифода аз худравҳои барқӣ дар ин кишвар сӯҳбат карданд.

 Ба ин тартиб дафтари матбуоти Маҷлиси намояндагон гузориш дод, ки қонуне дар ин кишвар тадвин шудааст, ки бар асоси он худравҳои барқӣ ҳангоми воридот ба Тоҷикистон аз пардохти андоз ва боҷи гумрукӣ муоф мешаванд.

 

Барчасп