Рустами Эмомалӣ : Баҳрабардорӣ аз 5 муассисаи омӯзишӣ дар Душанбе дар ояндаи наздик
Январ 27, 2024 13:35 Asia/Dushanbe
Рустам Эмомалӣ-шаҳрдори Душанбе гуфт:Пешбинӣ мешавад имсол 5 муассисаи омӯзишӣ ба баҳрабардорӣ бирасад.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Спутник ,Рустами Эмомалӣ гуфт: Дар муддати 7 соли гузашта 42 муассисаи омӯзишӣ ва 22 кудакистон дар Душанбе сохта шудааст.
Ӯ гуфт : Ин муассисаҳои омӯзишӣ барои беш аз 70 ҳазор нафар ба нақша гирифта шудаанд.
Ҳамчунин бар асоси изҳороти раиси шаҳри Душанбе дар соли гузашта, 6 мактаб бо 10.3 ҳазор нафар гунҷоиш дар шаҳри Душанбе сохта ва ба баҳрабардорӣ расид.
Рустами Эмомалӣ афзуд: Дар ҳоли ҳозир сохти 13 муассисаи омӯзиши умумии дигар барои 28 ҳазор нафар ва 55 кудакистон барои 10 ҳазор нафар дар шаҳри Душанбе дар ҳоли сохт аст.
Барчасп