Афзоиши 4 баробарии содироти барқ аз Тоҷикистон ба хориҷи ин кишвар
Тоҷикистон дар моҳи декабр арзаи барқ ба хориҷ аз кишварро тақрибан чаҳор баробар кард.
Тоҷикистон дар моҳи декабр 7.2 миллион доллар барқ содир кардааст, ки 3.8 баробар бештар аз моҳи қабл аст.
Ин мизон дар ноябри соли гузашта беш аз 1.9 миллион доллар буд.
Гуфтанӣ аст дар соли 2023 арзиши содироти барқи Тоҷикистон ба кишварҳои ҳамсоя ҳудуди 110.4 миллион доллар буда, ки 3.9 дарсад бештар аз соли 2022 аст.
Ҳамчунин Тоҷикистон ва Афғонистон бар сари таъмини барқи Тоҷикистон ба ин кишвар дар соли 2024 тавофуқ карданд
Тоҷикистон танҳо бо ду кишвари Афғонистон ва Узбакистон дар мавриди таъмини барқ барои соли 2023 тавофуқнома имзо карда буд.
Бар асоси гузориши Ожонси омор, дар соли 2023 Тоҷикистон ҳудуди 22 миллиард киловатт соат барқ тавлид кардааст, ки 2.2 дарсад бештар аз соли 2022 аст.
Ҳудуди 95 дарсад барқ тавассути неругоҳҳои обӣ-барқӣ, бақия тавассути истгоҳҳои ҳароратӣ ва ҳамчунин истгоҳҳои хуршедӣ дар миқдори кам тавлид мешавад.