Поёни маъмурияти диплумотики сафири Тоҷикистон дар Исломобод
(last modified Sun, 28 Jan 2024 07:25:08 GMT )
Январ 28, 2024 12:25 Asia/Dushanbe
  • Поёни маъмурияти диплумотики сафири Тоҷикистон дар Исломобод
    Поёни маъмурияти диплумотики сафири Тоҷикистон дар Исломобод

Сафири Тоҷикистон дар Покистон дар поёни маъмурияти диплумотики худ ба сурати ҷудогона бо раиси Ҷумҳур ва Вазири хориҷаи Покистон дидор кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс, Исматуллоҳ Насриддин сафири Тоҷикистон дар Покистон дар поёни маъмурияти диплумотики худ ба сурати ҷудогона бо Орифи Алавӣ раиси Ҷумҳур ва Ҷалили Аббосиҷилонӣ вазири хориҷаи ин кишвар дидор кард .

Раиси Ҷумҳурии Покистони тайи ин дидор зимни қадрдонӣ аз саҳми сафири Тоҷикистон дар рушд ва густариши ҳамкориҳои ду кишвари дуст барои вай дар фаъолиятҳои оянда орзуи муваффақият кард.

Дар чорчуби ин дидор чашмандоз равобити дуҷониба баррасӣ ва дар мавриди рушди бештари он табодул назар шуд.

Вазири хориҷаи Покистон дар ибтидои дидор бо сафири Тоҷикистон аз саҳми вай дар тақвияти равобити дустона байни ду кишвар ташаккур ва хотирнишон кард ки дар муддати тасаддии Насриддин дар ин симат ду кишвар ба муваффақиятҳои дар заминаҳои мухталифи ҳамкорӣ даст ёфтанд.

Тайи ин дидор ҳамчунин масоили тақвият ва густариши ҳамкориҳои самарбахш ва дуҷонибаи миёни Тоҷикистон ва Покистони мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.

Сафири Тоҷикистон дар суханони аз кумак ва ҳимоятҳои вазири хориҷаи Покистон дар тули фаъолиятҳои диплумотики худ дар ин кишвар қадрдонӣ кард.