Январ 29, 2024 20:20 Asia/Dushanbe
  • Бозаргонони вилояти Эскишехири Туркия барои ҳамкори ба Тоҷикистон даъват шуданд
    Бозаргонони вилояти Эскишехири Туркия барои ҳамкори ба Тоҷикистон даъват шуданд

Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркияи тоҷирони вилояти Эскишехири ин кишварро барои ҳамкори ба Тоҷикистон даъват кард.

Ба гузориши родиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Ховар, Ашрафҷон Гулов зимни сафар ба вилояти Эскишехири Туркия бо Ҳусейн Оксуӣ раиси ин вилоят дидор ва дар ҷараёни он тарафайн дар мавриди мавзуъоти мавриди алоқа гуфтугу карданд.

Ашрафҷон Гулов сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия дар бораи фурсатҳои сармоягузорӣ ва гардишгарии Тоҷикистон хабар дод ва аз раиси вилояти Эскишехир барои сафар ба Тоҷикистон ба ҳамроҳи тоҷирони ин вилоят даъват кард.

Барчасп