Январ 04, 2017 10:09 Asia/Dushanbe
  • Талош барои ду баробар кардани тавлиди нохолиси миллии Тоҷикистон то соли 2020

Бар асоси барномаи рушди миёнамуддати Тоҷикистон, ҳукумати ин кишвар қасд дорад, ки то соли 2020 ҳаҷми умумии тавлиди нохолиси миллии ин ҷумҳуриро ду баробар афзоиш диҳад.

Ба иттилои Toptj, бар асоси барномаи ҳукумати Тоҷикистон бо таҳаққуқ ва рушди 7 то 8 дарсадии солонаи иқтисоди ин кишвар то соли 2020 ҳаҷми саронаи тавлиди нохолиси миллии ин ҷумҳурӣ бояд ду баробар шавад .

Ҳамчунин қарор аст, ки бо беҳбуди фазои сармоягузории бахши хусусӣ, дар маҷмуъ тавлиди нохолиси миллии Тоҷикистон ба 12 дарсад бирасад .

Бо рушди ду баробарии тавлиди нохолиси миллии Тоҷикистон то соли 2020, бояд барои бахши маориф ва тандурустӣ 6,5 дарсад ҳазина шавад .

Аммо коршиносони мустақил таҳаққуқи ин барномаро бо авзои феълии буҳронии Тоҷикистон баъид медонанд.

Бар асоси пешбиниҳо, бо коҳиши даромади ирсолии коргарони муҳоҷири тоҷик аз Русия таъмини рушди 7 то 8 дарсадии иқтисоди Тоҷикистон амалан ғайримумкин аст .

Аз сӯи дигар бо таваҷҷуҳ ба ночиз будани саҳми 12 дарсадии бахши санъат ва саҳми 22 дарсадии кишоварзӣ дар тавлиди нохолиси миллии Тоҷикистон гумон намеравад, ки ин барномаи иқтисодӣ то соли 2020 таҳаққуқ ёбад .