Январ 30, 2024 14:39 Asia/Dushanbe
  • Матлаб барои бозикуни матраҳи тими миллии Тоҷикистон дар сафҳаи бошгоҳи Персполиси Эрон

Ваҳдат Ҳаннонов, мудофеъи тоҷики Персполис нақши таъсиргузоре дар тими миллии Тоҷикистон дар аввалин давраи ҳузуршон дар Ҷоми миллатҳои Осиё доштааст.

Image Caption

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон,Ҳаннонов дар роҳёбии таърихии тимаш ба чорякниҳоии ҷом дар қомати як ситора зоҳир шуд ва илова бар задани ягона голи тимаш дар ҷараёни бозӣ, зарбаи ҷаримавии худро низ ба гол табдил кард.

 Ин бозикуни ҷавон, ки дар ин бозӣ доғдори марги бародари худ буд, пас аз голзанӣ ашк рехт ва тасвири бародари худро нишон дод.

 Инак бошгоҳи Персполиси Теҳрон 24 соат баъд аз ин бозӣ ба Ваҳдат бо тасвири ду қалби сиёҳ дар сафҳаи Инстогаромаш арзи таслият  кард.

 

Барчасп