Январ 31, 2024 10:40 Asia/Dushanbe
  • Изҳори назари Адям Кузяев дар бораи пирӯзии тими Тоҷикистон дар Ҷоми миллатҳои Осиё

Адям Кузяев, падари нимҳимоятгари дастаи «Гавра» Далер Кузяев дар мавриди натиҷаи тими миллии Тоҷикистон дар Ҷоми миллатҳои Осиё изҳори назар кард.

Адям Кузяев, падари Далер Кузяев, нимҳимоятгари дастаи «Гавра»”, дар мавриди натиҷаи тими миллии Тоҷикистон дар Ҷоми миллатҳои Осиё- 2023 дар сайти Euro-football.ru изҳори назар кард.

Вай гуфтааст, «Ман хеле шодам, ки Тоҷикистон ба чорякфинал баромад. Тавре мегӯянд, иштиҳо ҳангоми ғизохӯрӣ меояд, ба бачаҳо ғолиб омадан маъқул шуд. Онҳо бо ҳам наздик мешаванд, омодагӣ мегиранд, имкони минбаъд ғалаба намудан мавҷуд аст».

 

Ба гузориши Федератсияи футбол, 28 январ дар Қатар даври 1/8-ниҳоии Ҷоми Осиё баргузор шуд, ки дар он дастаи мунтахаби Тоҷикистон бар дастаи Амороти Муттаҳидаи Арабӣ дар силсилаи пеналтӣ бо ҳисоби 5:3 (дар вақти асосӣ 1:1) пирӯз шуд.

Далер Кузяев бозикуни футбол аҳли Русия аст.

Кузяев, як бозикуни насли сеюми футбол аст, ки падар ва падарбузургаш дар Тоҷикистон бозӣ мекарданд. Бародари бузургтар Руслан низ бозикуни футбол буд, аммо ба далели маҷрӯҳиятҳои фаровон ӯ маҷбӯр шуд зудтар ба ҳирфаи худ поён диҳад ва вориди тиҷорат шуд.

 Бештар бихонед:

Барчасп