Феврал 01, 2024 12:06 Asia/Dushanbe
  • Дидори сафири Тоҷикистон дар Олмон бо мудири кули институти -Готе
    Дидори сафири Тоҷикистон дар Олмон бо мудири кули институти -Готе

Эмомиддин Саторов , сафири Тоҷикистон дар Олмон бо мудири кулли иниститути Готе дидор ва гуфтугӯ кард .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз аз Вазорати умӯри хориҷаи Ҷумҳурии Тоҷикистон , дар ин дидор масоили тақвияти таҳсили забони олмонӣ дар Тоҷикистон , идомаи ҳамкориҳо бо муассисоти омӯзишии ин кишвар ва тавсеаи раванди омӯзиши забони олмонии мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.

Тарафайн ҳамчунин дар мавриди имкони ифтитоҳи марокизи омӯзиши забону озмӯни муассисаи Готе дар яке аз марокизи идории манотиқи Ҷумҳурӣ ва ҳамчунин тақвияти фаъолияти марокизи омӯзиши забони олмонӣ дар шаҳрҳо ва  манотиқи Тоҷикистон ба тавофуқ расиданд .

Дафтари намояндагии муассисаи Готе дар Тошканд низ масъӯлияти Тоҷикистонро бар ӯҳда дорад .Аз соли 2010 Маркази омӯзиши забони Душанбе ба унвони шарики расмии муассисаи  Готе дар Тошканд фаъолият мекунад .

Барчасп