Тоҷикистону Кувайт роҳҳои тақвияти ҳамкориҳоро баррасӣ карданд
Феврал 02, 2024 21:03 Asia/Dushanbe
Зубайдуллоҳ Зубайдзода, сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кувайт бо Имод Муҳаммад Алъатиқи, муовини нахуствазир ва вазири нафти кишвари Кувайт дидору гуфтугӯ кард.
Ба гузориши “Ховар”, дар ин дидор тарафайн роҳҳои тақвияти ҳамкориҳои арсаҳо ва ҳамчунин фаъолсозии нақши гуруҳҳои корӣ дар чорчӯби Комиссияи муштараки байнидавлатии ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷорӣ, илмӣ ва фаннӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистону давлати Кувайтро мавриди баҳсу баррасӣ қарор доданд.
Барчасп