Муваффақияти варзишкорони тоҷик дар Русия
Ду варзишкори тоҷик дар риштаи кигбоксинг дар мусобиқоти вилояти Уляновскийи Русия муваффақ ба касби мақомҳои бартар шуданд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, дар маҷмӯаи варзишии шаҳри Уляновскийи Русия мусобиқае баргузор шуд, ки дар он Акбар Комилов ва Раҳмоналӣ Содиқов, ду варзишкор ва аъзои фаъоли ҷавон ҷомеаи тоҷикони Уляновский дар вазни 67 килограмм ширкат ва ҳар ду мақоми аввалро соҳибӣ карданд.
Камолиддин Каримов, муовини раиси ҷомеаи тоҷикони минтақаи Уляновский гуфт, ки ин мусобиқот тавассути Вазорати варзиш ба ҳамроҳи Федератсияия кигкбоксинги ин минтақа баргузор шуд.
Акбар Комилов ва Раҳмоналӣ Содиқов муҷаввизи ҳузур дар мусобиқоти минтақаии Приволжскийи федератсияи Русияро ҳам дарёфт карданд.